ТУ БАЙТЊОИ ШЕЪРИ МАН, ВАТАН
Ту байтњои шеъри ман, Ватан,
Ту модари ба љон баробарам,
Ту буди ман, набуди ман, туї њама вуљуди ман.
Хазорсолањо туро, ки чанг мезанад адўи ту,
Ба њар бањонае, ки санг мезанад ба сўи ту,
Вале ба ту намекунад асар,
Чаро ки њафт пушти ман туро шуда сипар.
Ватан, ватан, манам зи ту, туї зи ман,
Ту тољи ман, ту тахти ман, туї ягона бахти ман.
Љароњати туро ба дастњои худ ба њам кашам,
Бидўзамат ба риштањои љон, бисозамат зи нав,
Вагарна бе ту ман, нафас намекашам.
Барои шаъну шони ту, агар фитода хок мешавам,
Барои њифзи ту агар њалок мешавам,
Вале чу мерасад ба ту хатар, зи хок сар бурун кашам,
Ба устухони хештан туро шавам сипар.
Фиѓон зи хок мекашам, вале ба душманат
Ба марзу буми ту намедињам гузар, намедињам гузар.
Чаро, ки модари манї, манам туро писар,
Манам туро писар.
(Газель)
Як дарахти хушку танњоям, дар сари кўи висоли Ў,
Интизори рўшании субњ њастам аз висоли Ў.
Васли Ў ин ќадр дури дур, њаљри Ў ин ќадр бетадбир,
Навдањоям бод мерўбанд, бо умеди рањмату тадбир.
Аз тани бечорањоли ман, нахли дигар боз месабзад,
Бо умеди васли беамсол пеши пояш боз мераќсад.
Аз вуљуди ишќи пуртуѓён навнињоли тоза мерўяд,
Бо сабурї нури васлашро мисли ман мастона мељўяд.
Боз мераќсад ба сўи нур, бо умеди лањзаи дидор,
Интињоям ибтидои ўст, ибтидои ишќи нотакрор.
ЧЇ МЕРАВЇ? (Газель)
Дорї Худой, бар дари Њотам чї меравї?
Олам ба ќалби туст, ба олам чї меравї?
Чун оњубарра барги гули лола мехурї,
Булбулсифат ту аз паи шабнам чї меравї?
Гуфтам биёву дар шаби сурам чаѓона зан,
Бар сури ман наомадї, мотам чї меравї?
Дар дил сад орзу ба сарои муњаббатам,
Ман омадам, бигў, ту ба ин дам чї меравї?
Душман, ки доми њила фикандаст ин замон,
Сўњроб, азми дидани Рустам чї меравї?
Масти шароб хандаи мастона мезадї,
Имрўз бо ду дидаи пурнам чї меравї?
Боло нигоњ кардию пешат надидаї,
Дунё гузашт, бо сараки хам чї меравї?
Кањњор ой, сўњбати моро ѓубор нест,
Бахшам даме ба дарди ту марњам, чї меравї?